Ашраф Гулов ба ҳайси сафири нав нусхаи эътимодномаашро супорид

© акс аз сомонаи Вазорати умури хориҷии ТоҷикистонАшраф Гулов, сафири навтаъйини Тоҷикистон ҳангоми супоридани нусхаи эътимоднома ба Седат Онал, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия
Ашраф Гулов, сафири навтаъйини Тоҷикистон ҳангоми супоридани нусхаи эътимоднома ба Седат Онал, муовини вазири корҳои хориҷии  Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ашраф Гулов, ки ахиран бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафир дар Туркия таъйин шуд, нусхаи эътимодномаашро супорид
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ашраф Гулов нусхаи эътимодномаи худро ба ҳайси сафири навтаъйин ба Седат Онал, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия супорид, иттилоъ дод ВУХ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи супоридани нусхаи эътимоднома, ки 3 август сурат гирифт, ҷонибҳо масоили муҳимми рӯзномаи ҷории муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
"Ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳангу гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали моҳи июл бо имзои як фармон Гулов Ашрафҷон Шералиевичро ба мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия таъйин намуда буд. Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафирӣ дар Туркия озод гардид.
Ашрафҷон Гулов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, писари Шералӣ Гул, собиқ вазири саноати Тоҷикистон мебошад, ки солиёни зиёд дар мақомоти бонкӣ, андоз ва умури хориҷӣ кор кардааст.
Хусрав Нозирӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Раҳмон Нозириро барканор карду барои мақоми нави байналмилалияш розигӣ дод
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ашрафҷон Гулов 18-уми декабри соли 1981 таваллуд шуда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатияшро аз соли 2003 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мақомҳои гуногун оғоз кардааст.
Ба фаъолияти дипломатӣ соли 2007 пайваста дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва намояндагӣ дар Иттиҳоди Аврупою НАТО кор кардааст.
Сипас соли 2010-ум ба кор дар мақомоти андоз дар вазифаи сардори Раёсати андозсупорандаҳои калон гузашт. Аз соли 2014 ба мақоми консули генералӣ дар Русия таъйин гардида, баъди барканорӣ аз ин мақом то ҳол дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.
Тибқи иттилои қаблан нашршуда, Гулов оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала