Билл Гейтс аз ҳамсараш ҷудо шуд

© AP / Michel EulerАмериканская предприниматель Мелинда Гейтс
Американская предприниматель Мелинда Гейтс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Расонаҳо навиштаанд, ки Мелинда аз Билл Гейтс ба маблағи 1,8 миллиард доллар коғазҳои қиматнок гирифтааст. Ин ҷуфти машҳур рӯзи 2 август расман ҷудо шуд
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Муассиси Microsoft Билл Гейтс ва ҳамсараш Мелинда расман ҷудо шуданд, менависад Business Insider бо истинод ба гузоришҳои додгоҳ.
Мелинда ва Билл шартномаи талоқро имзо карданд ва дар он гуфта мешавад, ки онҳо чӣ гуна моликиятро тақсим мекунанд.
Дар гузориш тафсилоти ҳуҷҷат оварда нашудааст. Ҳамсарон қарори худро дар бораи ҷудошавӣ моҳи май эълон карданд.
Билл Гейтс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пешгӯии Билл Гейтс: ҷаҳонро пандемияи нав фаро мегирад
Мурофиаи ҷудошавии Гейтс метавонад дар таърих ҳамчун гаронтарин мурофиа ворид мешавад - охирин "рекорд" -ро муассис ва роҳбари тиҷорати онлайни Амазонка Ҷефф Безос ва зани собиқи ӯ Маккензи гузошта буданд. Пас аз талоқ ин зан сеюмин сарватмандтарин зан дар ҷаҳон шуд.
Гейтс яке аз панҷ сарватмандтарин тоҷирони ҷаҳон аст, ки сарвати хонаводаи ӯ 130 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Bloomberg навиштааст, ки Мелинда аз Гейтс ба маблағи 1,8 миллиард доллар коғазҳои қиматнок гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала