Бонки ҷаҳонӣ намояндаи навашро дар Тоҷикистон таъин кард

© Всемирный банкОзан Севимли, постоянный представитель Всемирного банка в Таджикистане
Озан Севимли, постоянный представитель Всемирного банка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Озана Севимли Ян-Питер Олтерсро дар мақоми намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иваз кард
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимлиро намояндаи нави доимии худ дар Тоҷикистон таъйин кард.
Дар ин бора дар торномаи расмии ин ниҳод хабар дода шудааст.
Севимли гуфт, ки дар вазифаи наваш ҳамкориро бо ҳукумат, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон идома хоҳад дод.

"Вазифаи аввалиндараҷаи ман дар моҳҳои оянда таъмини дастгирии БҶ ба Тоҷикистон дар раҳоӣ аз пандемия, аз ҷумла иқтисод, ҳифзи ҳаёти одамон ва таҳкими системаи тандурустӣ хоҳад буд", - гуфт ӯ.

Севимли ҳамчунин бонкро дар Туркманистон низ намояндагӣ хоҳад кард.
Тибқи иттилои дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ӯ аз 2 августи соли 2021 вазифаи навро ишғол кард. Дар ин мақом ӯ Ян-Петер Олтерсро иваз кард, ки аз моҳи апрели соли 2017 инҷониб, кор мекард.
Аз соли 2005 Озан Севимли дар Бонки Ҷаҳонӣ дар вазифаҳои мухталиф дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб кор кардааст.
Здание Всемирного банка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ба даҳҳо миллион доллар созишнома имзо карданд
Қабл аз таъйиноти охирин, ӯ аз соли 2019 то 2021 ба ҳайси Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ямайка ва Гайана кор карда, тарҳи тақрибан 500 миллион долларии ИМА -ро назорат мекард.
Аз соли 2016 то 2019, Севимли ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳо дар Қафқози Ҷанубии Бонки Ҷаҳонӣ, воқеъ дар Тифлис кор мекард.
Ҳамчунин, Севимли дар замонҳои гуногун вазифаи Директори калони стратегӣ ва амалиётии Дафтари ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказиро ба ӯҳда дошт, ҳамчун дар Шӯъбаи сиёсати амалиётӣ ва хидматрасонии кишварии созмон ба ҳайси иқтисоддон кор кардааст.
Севимли фориғуттаҳсили Донишгоҳи Техас (ИМА) ва Донишгоҳи илмҳои амалии Манхайм (Олмон) мебошад.
Давоми чор соли охир Бонки Ҷаҳонӣ дастгирии худро ба Тоҷикистон афзоиш додааст. Ҳамин тариқ, барои соли 2021 ба Тоҷикистон 1,2 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала