Борону раъду барқ: дамои ҳавои Тоҷикистон барои 3 август

© Sputnik / Амир ИсаевДождливый день, архивное фото
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Ҳавосанҷон бориши борон ва раъду барқро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо бориши сусти борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
КҲФ аз фаромадани сел, ҳавои чанголуд ва боди шадид ҳушдор медиҳад
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, нимаи дуюми рӯз ҳавои тағйирёбанда мешавад. Борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+21 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0