Додситон талаб кард, ҷазои муҳоҷирони тоҷик дар қатлии Чуев сангинтар шавад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузаштан ба хазинаи аксОбвиняемый по делу об убийстве мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева Аловадин Михроччен
Обвиняемый по делу об убийстве мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева Аловадин Михроччен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ҳукми муттаҳамон дар қатли варзишкори рус, Сергей Чуев ҳанӯз рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардид, вале додситон онро ниҳоят сабук арзёбӣ кард ва ҷазои сангин талаб намуд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Додситонии шаҳри Маскав аз болои ҳукми як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар қатли варзишкори рус муттаҳам дониста мешаванд, шикоят бурд.
Людмила Нефедова, раиси хадамоти матбуотии ниҳоди назоратӣ ба РИА Новости хабар дод, ки додситонӣ аз ҳукми додгоҳ нисбати шаш шаҳрванди хориҷӣ барои содир кардани ҷиноят дар боғи" Южное Бутово "шикоят бурд.
Ба таъкиди ӯ, додситонӣ ҷазои таъиншударо хеле сабук меҳисобад ва инчунин нақзи талаботи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятиро даъво мекунад.
Куштори пурсарусадои Чуев: Додситони кулли Русия парвандаро ба додгоҳ фиристод
Мурофиаи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 29 июли соли ҷорӣ баргузор шуд ва муттаҳамон аз 4 то 7,5 соли маҳрумият аз озодӣ гирифтанд.
Сергей Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июн, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.
Далелҳои нав дар қазияи куштори Чуев: ҳомилае набуду ҷавонони тоҷик ба ҳама мечаспиданд?
Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.
Кормандони ФСБ ва ВУД-и Русия дар як амалиёти муштарак афроди гумонбар дар қатли куштигир Сергей Чуевро дастгир карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала