Рӯзона бебориш, шабона салқин: ҳавои Тоҷикистон моҳи август чӣ гуна мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Бориши борон аввал ва охири моҳ пешгӯӣ мешавад, дигар рӯзҳо ҳаво рӯзона гарм, вале шабона серун мешавад
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, якчанд дараҷа гармтар мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии кишвар.
Ҳамин тавр дар вилояти Хатлон, бархе аз манотиқи Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа гармтар мешавад. Гоҳо ҳаво ғуборолуд мешавад.
"Боронҳои кӯтоҳмуддат аввал ва охири моҳ пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳарорат ба ҳисоби миёна + 26-32 дараҷа, дар доманакӯҳҳо + 24 °C гарм хоҳад шуд. Ҳамзамон, моҳи август шабона ҳарорати ҳаво аз + 19-24 °C то + 14-19 °C тағйир меёбад.
Рӯзона гарм аз + 32 °C то + 40 °C, дар доманакӯҳҳо бошад то 5 °С салқинтар аст.
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Сиренаи нави кӯли Сарез имсол ба кор медарояд
Қайд мешавад, ки ҳангоми боришот вазиши шамол метавонад то 17 метр дар як сония афзоиш ёбад.
Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, ҳарорат дар баъзе ҷойҳо як дараҷа баландтар пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо + 26-28 °C ва дар кӯҳҳо бошад + 15-18 °C.
Миқдори боришоти моҳона дар вилояти Суғд дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ҷойҳо каме бештар аст. Бориши борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ​​дар даҳаи аввал ва охири моҳи август рух медиҳад.
Дар давоми август, тағирёбии ҳаво шабона аз + 19-24 °C то + 13-18 °C, рӯзона аз +29 то + 39 °C дар назар аст. Дар кӯҳҳо шабона аз 10-15 °C то 6-11 °C гарм, рӯзона +20 ё + 30 °C.
Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳона дар ҷойҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар аст: дар ғарби ВМКБ + 20-23 °C гарм.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон: 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад
Дар давоми моҳ ҳаво гоҳо + 24-29 °C, гоҳ + 29-34 °C гарм мешавад.
Ҳаво шабона аз + 12-17 то + 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар охири моҳи август миқдори боришот (раъду барқ ​​ва борон) дар ноҳияҳои тобеи марказ аз меъёр зиёд аст ва дар ғарби ВМКБ қариб бориш намешавад. Вазиши бод дар як сония то 15-20 метр мешавад.
Дар шарқи ВМКБ ҳаҷми боришоти моҳона аз меъёр болотар хоҳад буд ва ҳарорат + 10-13 °C хоҳад шуд, ки ин нисбат ба меъёри иқлимӣ якчанд дараҷа баландтар аст.
Дар баробари ин, дар давоми моҳ тағирёбии ҳарорат, шабона аз +2 то + 11 °C, рӯзона аз +12 то + 23 °C ташкил хоҳад дод.
Ҳавошиносон қайд мекунанд, ки моҳи августи 2021 ба ҳамин моҳи соли 2010 шабеҳ хоҳад буд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки пешгӯии дарозмуддат аз ҷониби Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асоси мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ сурат мегирад ва метавонад дар давоми моҳ тағйир ёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала