Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Мақомоти Хуҷанд шумораи нуқтаҳои ваксиназаниро эълон карданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ғайр аз 6 нуқтаи ваксиназанӣ дар марказҳои саломатӣ боз нуқтаҳои ваксинагириро дар бозорҳои "Панҷшанбе" ва "Афросиёб"-и шаҳр низ ташкил кардааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Мақомоти шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар шаҳр чанд нуқтаи ваксинагирӣ бар зидди коронавирус фаъолият дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд имрӯзхо дар шаҳр дар 6 адад марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ва бозорҳои "Панҷшанбе" ва "Афросиёб" нуқтаҳои ваксиназанӣ бар зидди бемории короновирус фаъол аст.
Бино бар иттилои манбаъ, ваксинагирӣ сокинон ва меҳмонони шаҳр аҳли хонавода ва коргоҳро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ медорад.
Додрас Темурзода Шамсиддин ҳангоми гирифтани мукофоти давлатӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Даргузашти яке аз судяҳои саршиноси Тоҷикистон: аз коронавирус табобат мегирифтааст - акс
Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз сокинон даъват кардааст, ки бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Тоҷикистон ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии макони зист барои ваксиназанӣ ҳозир шаванд.
“Зеро ваксинатсия ягона роҳи наҷот аз бемории сироятии коронавирус маҳсуб мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳолатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандон баъд аз ваксинатсия ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ муроҷиат мекунанд ва мақомот гуфтааст, ки ин ҳолати муқаррарӣ аст ва пас аз тазриқ дар организми бархе нафарон аксуламал ба вуҷуд меояд.
“Ин ягон ҳолати нигаронкунанда надорад. Шаҳрвандон дар ин ҳолат тибқи нишондодҳои табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳа бояд аз доруҳои табшикан истифода намоянд”, - зикр кардааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала