Ҳукумати Бадахшон дар бораи таъмири роҳи Бартанг ва таъмини мардум бо доруворӣ

© Facebook/ акс аз саҳифаи Ғолиб НиятбековТаъмири роҳи Бартанг
Таъмири роҳи Бартанг  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Бадахшон мегӯяд, сокинони дурдасттарини водии Бадтанги ВМКБ бо дору вамаводи озуқаворӣ таъмин ҳастанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Котиботи раиси ВМКБ ба хабару наворҳо аз вазъи нигаронкунандаи роҳи Бартанги боло ва мушкили мардум дар замони пандемия вокуниш нишон дод.
Навори роҳи обшустаи водии Бартангро корбаре бо номи Носирзода Фазила дар гурӯҳи Facebook -ии "Pamir News" нашр кард ва аз он шикоят намуд, ки ба далели хароб будани роҳ ва мавҷуд набудани дорую шароити созгор барои табобати маризони коронавирус, "одамон дар ин водӣ дар хонаҳояшон ҷон мебозанд".
Зимнан, котиботи раиси вилоят, рӯзи 3 август бо нашри аксҳо аз маконҳои харобгаштаи роҳ изҳор дошт, ки таъмири роҳ бо маром идома дорад.
Иностранные туристы на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор
Сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков мегӯяд, дар роҳи мошингарди Рӯшон -Бартанг 3 адад трактори ДТ 75, 1 экскаватор, 2 мошини худфурури 10 тонна, 1 Зил 130, 2 боркунак шабу рӯз кор карда, ними роҳ таъмир гардида ва ҳоло ҳам корҳои барқароркунӣ идома доранд.
Илова бар ин, Ниятбеков афзуд, ки сокинони дурдасттарини водии Бартанг бо маводи доруворӣ ва озуқаворӣ таъмин ҳастанд. Дар ҳоле, ки Носирзода аз мавҷуд надоштани ягонгуна дорувории зидди ин вабо шикоят мекард.
Зикр мегардад, ки раиси вилоят Ёдгор Файзов низ супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат роҳое, ки пайваста зери хатар мебошанд, аз таъмир бароварда шаванд.
Дар корҳои таъмирӣ ҳамчунин Ожонсии Оқохон оид ба макони зист низ ҷалб гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0