Идомаи ҷанг дар Ҳирот: манотиқи васеъ поксозӣ ва 41 Толиб* ҳам кушта шуд

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Ҳирот, ғайр аз кушта шудани 41 ҷангҷӯи Толиб*, манотиқи Пул Паштун, Пули Молон, Осиёи Кулохи, Пули Рушон, Ҳаводеҳи Ҳирот аз вуҷуди Толибон поксозӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Вазорати дифоъи миллии Афғонистон эълом кардааст, ки дирӯз нерӯҳои дифоъ, нирӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ бо кумаки Нерӯҳои ҳавоӣ ҳангоми амалиёти муштарак дар Ҳироти Толибонро ҳадаф қарор доданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вазорат дифои ин кишвар хабар додааст, ки дар натиҷаи амалиёт 41 ҷангҷӯи Толиб* кушта, 32 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.
Вазорати дифоъ гуфт, ки дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва дифоӣ бо ҳамдастии хезишҳои мардумӣ, минтақаҳои Пули Паштун, Пули Молон, Осиё Кулохӣ, Пули Равшан ва Ҳаводеҳи Ҳирот низ аз Толибон поксозӣ шуд.
Мақомоти расмии вилояти Ҳирот дирӯз гуфтанд, ки задухӯрдҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон* дар даромадгоҳҳои шаҳри Ҳирот идома доранд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди ғайринизомиён овора шуданд.
Исмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар”: фарохони Исмоилхон аз мардуми Ҳирот
Мақомоти расмии вилояти Ҳирот дирӯз гуфтанд, ки Толибон* қасд доштанд вориди шаҳри Ҳирот шаванд, аммо аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва хезишҳои мардумӣ пеши роҳи онҳо гирифта шуд ва бино ба гузоришҳо, дар як шабонарӯз тақрибан 100 ҷангҷӯи Толибон* кушта ва захмӣ шудаанд.
Вилояти Ҳирот рӯзҳои охир ба ҳамлаҳои густурдаи Толибон* рӯ ба рӯ шудааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ чанд рӯз боз дар атрофи шаҳри Ҳирот ҳамлаҳо пардарпай анҷом медиҳанд, ки бо муқовимати шадиди нерӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала