Ду ноҳияи Душанбе имрӯз бе об монданд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар бархе кӯчаю шаҳракҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино интиқоли оби ошомоданӣ қатъ шуд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар бархе аз кӯчаҳаю шаҳракҳои ду ноҳияи бузурги шаҳр интиқоли оби ошомиданӣ барои як муддати муайян, қатъ шуда буд.

“Ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ ва ивазу пайвасти қубурҳои интиқоли оби ошомиданӣ имрӯз то соати 12:00 қатъ шуда буд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки интиқоли об дар дар кӯчаи Ҷомӣ, шаҳракҳои 61, 62, 63, 64 ва 65-и ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино оби ошомоданӣ қатъ шуда буд.
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2020
Қарори Ҳукумат: интиқоли оби ошомиданӣ ба қарздорҳо қатъ мешавад
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки то соати 12:00-и 3 август бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ ва ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ба масофаи беш аз 400 метр интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои Фирдавсӣ — 25/1, 27, 27 /,1,2, 4,5, — 35, 37, 39, — 29, 29/ 1, 2, 3, -13/1,13/8,13/10, 13/12, -7/1, 9/4, 5,6, -5/2,3,4,5, — 1/1, — 13/18, 20, — 15/1,2,3,4 ва кӯчаи Қосимова, 7/1,2,3,4,5, 5/1, 5/4, 5/5 муваққатан қатъ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0