Чорабинии оташнишонҳо алайҳи коронавирус дар бозорҳо: савдогарон ваксина гирифтанд

© акс аз сомонаи ВКД ТоҷикистонДаромадгоҳи бозори Султони Кабир дар шаҳри Душанбе
Даромадгоҳи бозори Султони Кабир дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, оташнишонҳо дар бозорҳо ва ҷойҳои серодами пойтахт чорабиниҳои безараргардонӣ алайҳи коронавирусро анҷом дода, бархе аз савдогарон бо ваксина эмин карда шуданд
ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Чорабинии оташнишонҳо алайҳи коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои серодами пойтахт бар асоси талаботи Ҳукумати Тоҷикистон ва супориши вазири умури дохилӣ сурат гирифтанд, хабар дод ВУД.
Таъкид шудааст, ки оташнишонҳо бо либоси махсуси муҳофизатӣ таъмин гардида, бо истифода аз нақлиёт ва дигар техникаву таҷҳизоти соҳавӣ, барои пешгирии паҳншавии ҳар гуна вирусу микробҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маҳлулҳои кимиёвӣ корҳои безараргардониро анҷом доданд.
© акс аз сомонаи ВКД ТоҷикистонОташнишонҳо ҳангоми безараргардонӣ дар бозорҳои Душанбе
Оташнишонҳо ҳангоми безараргардонӣ дар бозорҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Оташнишонҳо ҳангоми безараргардонӣ дар бозорҳои Душанбе
"Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки муштараки санитарию зиддиэпидемикӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар "Бозори Султони Кабир" ва "Бозори Деҳқон" низ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, инчунин дар онҳо фаъолияти нуқтаҳои ваксинагузаронӣ низ ба роҳ монда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шумораи зиёди тоҷирону савдогарон ваксинаи зидди коронавирус гузаронида шуд.
Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомот: дар Тоҷикистон карантин намешавад
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин кормандони ВУД дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии одамон дар мавриди зарурати ваксинагузаронию тамизкунӣ ва пӯшидани ниқоб бо тоҷирону савдогарон суҳбатҳо гузаронданд. Ба онҳо фиттаҳои сабти зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ тақдим гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала