Ожонси зидди фасод дар Суғд боздошти корманди қалбакияшро шарҳ дод: аз сокинон пул гирифт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Хусрав Бобозода, як сокини шаҳри Истаравшан худро кормандони Идораи коррупсия дар вилояти Суғд хонда, дар чанд ҳолат беш аз 290 ҳазор сомонии шаҳрвандонро тасарруф намудааст
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Масъулони Ожонси мубориза бо коррпусия дар вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ин парванда иттилоъ дода, гуфтанд, ки Бобозода ҳеҷ вақт корманди ин ниҳод набуда, балки “ҳамкори қалбакӣ” аст, ки бо роҳи фиреб аба пулситонӣ машғул шудааст.
Шараф Аваззода, сардори Ожонсӣ дар вилояти Суғд гуфт, Хусрав Бобозода, худро корманди ин идора номида, бо ваъдаи ба иҷро расонидани кор дар сатҳи идораҳои давлатӣ дар панҷ ҳолат 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро тасарруф намудааст.
“Ин хел корманд дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд фаъолият намекунад. Аммо Хусрав Бобозода, дар шаҳри Истаравшан аз номи кормандони Раёсат баромад карда, маблағҳои пулӣ гирифта мардумро фиреб додааст”, - гуфт Аваззода.
Бино ба иттилоъи манбаъ Бобозода давоми як сол ба чунин кор машғул шуда, аз сокинон пул талаб кардааст.
Раёсати мубориза бо фасод дар Суғд нисбати ин сокини шаҳри Истаравшан бар асоси моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори калон) и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз намуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ онро ба суд ирсол намудааст.
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: боздошти марди 27-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 340 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар вилояти Суғд ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 10, 5 миллион сомонӣ маблағи зарар ҳисоб шудааст.
Ёдовар мешавем ин нахустин ҳолати боздошт набуда, қаблан мақомот борҳо аз дастгири афроде хабар дода буданд, ки худро корманди идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ё қудратӣ хонда, бо баҳонаи корбудкунӣ ба фиреби сокинон даст мезаданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала