Раиси ВМКБ гуфт, соҳибкорону кишоварзони вилоят чанд пул андоз супоридаанд

© Нашрияи "Оинаи зиндагӣ"Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми нишасти матбуотӣ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, ба рӯзноманигорон дар бораи дастовардҳои вилоят тайи шашмоҳаи аввали соли равон гузориш дод
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ зимни суҳбат дар мавриди вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2021 беш аз 3600 соҳибкори инфиродӣ мавриди андозбандӣ қарор гирифтаанд.
“Аз ҷумла аз ҷониби Раёсати андози вилоят 2 ҳазору 453 нафар соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1162 нафар бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардиданд”, - навиштааст нашрияи ҳукумати маҳаллӣ, “Оинаи зиндагӣ” аз қавли Файзов.
Манбаъ афзуд, ки аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 3 миллиону 303,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Дар мавриди андозбандии бахши кишоварзӣ зикр шудааст, ки аз ҳисоби 954 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблази 113,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, бо Зӯлобӣ Мамадфозилов, мудири иҷроияи Хадамоти Оқохон оид ба маориф дар Тоҷикистон ва Қирғизистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Файзов хост, синфҳои Литсейи Оқохон зиёд шаванд: иқдом барои омӯзиши пурраи 3 забон
Файзов гузориш додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи шашмоҳа 103,9 миллон сомониро ташкил додаст, ки дар қиёс бо соли гузашта 48,1 миллион сомонӣ ё 86,2 фоиз зиёд мебошад. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 55 адад гуфта шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 130,4 миллион сомонӣ ташкил додаст, ки нисбати соли гузашта ҳамагӣ 0,9 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб маҳсулоти чорводорӣ 128,6 миллион сомонӣ ва растанипарварӣ 1,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала