Рейди шабона: қонуншикании ронандаҳои мошинҳои гаронарзиш ошкор шуд - навор

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе барои назорати тартиботи шабона дар роҳҳо як амалиёти махсус гузарондаааст
Маъмурини милиса дар Душанбе амалиёти шартии "Тартиботи шабона", дар кӯчаҳои марказии пойтахт ва назди ошхонаву тарабхонаҳоро амалӣ намуда, тайи се соат беш аз 70 қонуншиканиро аз ҷониби ронандагони мошинҳои гаронарзиш ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Душанбе, баъзе аз ронандагоне бо насби дастгоҳи овозии гӯшхарош, бо рақамҳои қайди давлатии бегона, бе иҷозатнома шишаи мошинҳояшонро пурра сиёҳ карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуданд.
Манбаъ афзуд, ки танҳо дар як шаб, аз соати 20 то 23, маҷмуан 76 адад қоидавайронкуниҳои дағали роҳ ошкор гардид.
Аз ҷумла 19 ҳолати сиёҳ кардани шиша бе иҷозатнома, 7 ҳолати бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудани нақлиёт, 3 ҳолати насби таҷҳизоти садодиҳанда бо садои гӯшхарош, 1 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина, 3 ҳолати бе рақами давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин 43 қоидаваронкуниҳои дигар дар самтҳои таваққуфи дуру дароз дар қатори дуюму сеюми роҳи мошингард, гузоштани авотомашина дар роҳравҳои барои пиёдагардон сабт гардида, мошинҳо ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуданд.
Бар асоси гузориши мақомоти умури дохилӣ, бисёре аз афроде, ки қоидаҳоро нақз намудаанд, соҳибкороне будаанд, ки ба харидуфурӯши мошинҳо машғуланд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала