Шараф Аваззода гуфт, дар Суғд кормандони кадом ниҳод даст ба коррупсия задаанд

© Sputnik Шараф Аваззода, сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд
 Шараф Аваззода, сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Масъулони Ожонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти хабарӣ, омори сабти содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мисоли кормандони идораҳои давлатиро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мизони бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии Суғд бештар шудааст.
Шараф Аваззода, сардори Ожонсӣ дар Суғд иброз намуд, ки дар ин давра содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони ҳукумат, идораҳои тандурустӣ ва маориф бештар рақам зада мешавад.
“Ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст. Барои мислол 20 корманди кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 25 ҷинояти коррупсионӣ содир карданд. Ҳамчунин 7 корманди соҳаи тандурустӣ 12 ҷиноят, ду корманди Вазорати адлия 2 ҷиноят, се корманди Вазорати мудофия – 2 ҷиноят нисбати содир кардааст”, - гуфт Авазов.
Ба гуфтаи вай, инчунин ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони Кумитаи андоз – 4 ҷиноят, Кумитаи идораи замин – 32 ҷиноят, Кумитаи ҳифзи муҳити зист – 3 ҷиноят, соҳаи маориф – 37 ҷиноят, Барқи тоҷик – 6 ҷиноят, соҳаи кишоварзӣ – 2, Бонкҳо – 36 ҷиноят, соҳибкорон ва шаҳрвандон – 115 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Дар Хатлон масъалаи коррупсия миёни пизишкон баррасӣ шуд
Сардори Ожонси мубориза бо фасод ҳамчунин қайд намуд, ки тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 104 (ҳамин давраи соли 2020 – 34) ҷиноят, Истаравшан 31 (2020 – 17) ҷиноят, Мастчоҳ 21 (2020 – 12) ҷиноят, Деваштич 19 (2020 – 7) ҷиноят, Кӯҳистони Мастчоҳ 4 (2020 – 0) ҷиноят, Гулистон 3 (2020 – 0) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ожонси мубориза бо фасод, давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ 340 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудааст.
Дар пайи тафтиши ин ҷиноятҳо 10, 5 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала