Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Таҳлилгари сиёсӣ: ба Толибон* набояд бовар кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксП/к делегации политического офиса движения "Талибан" (запрещено в РФ) в Москве
П/к делегации политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Коршинос Андрей Медведев тавзеҳ дод, ки набояд ба ваъдаҳои Толибон* дар бораи ҳуҷум накардан ба Осиёи Марказӣ бовар кард
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Таҳлилгари сиёсии Ширкати давлатии телевизион ва радиошунавонии Русия, рӯзноманигор Андрей Медведев дар муколама бо Sputnik шарҳ дод, ки чаро ваъдаҳои Толибон* метавонанд ваъда боқӣ монанд.
"Ин Шарқ аст: имрӯз ӯ ваъда дод, фардо фикри худро тағир медиҳад. Ҳама чиз хеле сода аст", - қайд кард коршинос.
Медведев афзуд, агар ҷангҷӯён дар марз бо Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ба ҷанг сар кунанд, пас Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти хеле ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Таҳлилгари сиёсӣ ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа метавонанд таҳти таҳдиди бӯҳрони муҳоҷират ва терроризм қарор гиранд.
Рӯзноманигор инчунин афзуд, ки ҳукумати феълӣ дар як ҳолати хатарнок қарор дорад. Он нозук аст, зеро Толибон* ба ҳама ҷабҳаҳо зарба мезанад: иқтисодӣ, иттилоотӣ ва дипломатӣ.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала