Тоҷикободу Раштро боз заминларза такон дод

© AP / STRСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, шарқи ҷумҳуриро боз заминҷунбӣ такон додааст
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Заминларза шарқи Тоҷикистонро шаби 2-юми августи соли равон, тахминан соати 22:13 дақиқа ба вақти маҳаллӣ такон дод.
Ба иттилои КҲФ, маркази заминларза 167 километр дар самти шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар 23 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буд. Қувваи он дар марказаш 3-4 балл ва дар ноҳияи Рашт 2-3 баллро ташкил дод.
Манбаъ афзуд, ки талафоти ҷонию моддӣ дар пайи ин офат ба қайд гирифта нашудааст.
"Айни ҳол дар ноҳияи Тоҷикобод ҳайати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда кору фаъолият дорад, хоҷагиҳоеро, ки дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10-уми июл осеб дида буданд, бори дигар аз санҷиш мегузаронанд", - омадааст дар иттилоия.
Ин бори чандум аст, ки шарқи Тоҷикистонро заминларза такон медиҳад. Заминларзаи пурқурбонӣ субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти Душанбе дар ноҳияи Тоҷикобод рух дод, ки қувваи он дар марказ ҳудуди 5,9 бал арзёбӣ шуда буд.
Бар асари ин офати табиӣ, панҷ сокини деҳаи Бӯстон, собиқ деҳаи Кӯли болои ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин даҳҳо хона дар деҳоти Тоҷикободу Рахш хароб гардиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи махсусе таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзодаро ташкил кард, ки ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза машғул мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала