Дар Ӯзбекистон ваксинагирӣ ҳатмӣ шуд: касе даст мекашад, ба кор намемонанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ҳоло, агар корманд аз ваксинагирӣ саркашӣ кунад (дар сурати мавҷуд набудани зиддиятҳо бо сабабҳои саломатӣ), корфармо ҳақ дорад ӯро ба кор намонад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Аз имрӯз корфармо метавонад шахсонеро, ки аз ваксинаи зидди коронавирус саркашӣ кардаанд, расман аз кор хориҷ кунад.
Нағйироти нав дар қонунгузории кишварро, президент Шавкат Мирзиёев ҷонибдорӣ кардааст, хабар медиҳад, котиботи Вазорати адлия.
Ҳоло, агар корманд аз ваксинзанӣ даст кашад (дар сурати мавҷуд набудани зиддиятҳо бо сабаби вазъи саломатӣ), корфармо ҳақ дорад ӯро аз кор боздорад. Чунин кормандон аз кор озод карда намешаванд, аммо ба онҳо маош намедиҳанд. Чунин қоида дар Кодекси меҳнати Ӯзбекистон ворид мешавад.
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Шавкат Мирзиёев алайҳи коронавирус ваксин гирифт
Ба қонуни "Дар бораи ҳифзи саломатии шаҳрвандон" низ тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он бидуни ризоияти шаҳрвандон ваксинаҳои пешгирикунанда дар сурати таҳдиди паҳншавии карантин ва дигар бемориҳои сироятӣ хатарнок ба одамон гузаронида мешавад. Ин қарорро сардухтури давлатии санитарии республика қабул мекунад.
Чанд моҳ аст, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи фаъоли эмкунии аҳолӣ идома дорад. Ҳоло шаҳрвандон метавонанд бо яке аз чанд ваксина эм кунанд: Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutica-и Чину Ӯзбекистон, Sputnik V -и Русия ва Moderna-и Амрико.
Илова бар ин, ваксинаи AstraZeneca ба зудӣ дастрас хоҳад шуд. 1
9 июлдан бошлаб Ўзбекистонда аҳолининг айрим тоифалари учун мажбурий эмлаш жорий этилди.
Ҳамзамон аз 19 июл дар Ӯзбекистон эмкунии маҷбурӣ барои баъзе табақаҳои аҳолӣ ҷорӣ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала