Вазорати тандурустӣ: вазир ба кор баромаду шаҳрвандонро қабул кард

© Минздрав РТВазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст, ки вазир дар ҷои кориаш асту имрӯз - 3 август ба қабули шаҳрвандон машғул буд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 3 август шахсан як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат муроҷиат карданд, қабул намуд, хабар дод дафтари матбуоти Вазорат.
Ба иттилои манбаъ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Ҷамолиддин Абдуллозода ҳанӯз рӯзи душанбе ба кор оғоз карда буд.
© Минздрав РТҶамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
© Минздрав РТҶамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
1/2
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
2/2
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шуда, дар бемористон бистарӣ гаштааст.
Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26 июл ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард. Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, табибонро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Шарҳи Вазорат дар бораи “латукӯбу мубталои коронавирус шудани вазир”: дар Маскав аст
Аммо Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат ин иддаоро бепоя хонда, афзуд, ки Абдуллозода дар Маскав аст.
“Ҳадафи сафари вазир ба Маскав ниҳоӣ кардани музокирот бо мақомоти Русия сари ба даст овардани ваксинаи “Спутник V” барои Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, вазири тандурустӣ яке аз аввалинҳо шуда, ваксина гирифта буданд ва гирифтории он кас ба “вируси корона” низ сиҳат надорад”, - гуфт Эмомалӣ Мирзо.
Сухангӯи Вазорат афзуд, қарор аст, ки Абдуллозода то охири ҳафта ба ҷои кораш баргардад.
Лентаи хабарҳо
0