Болоравии рублу доллар: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1546 сомонӣ мебошад. Рӯзи гузашта барои як рубл дар Тоҷикистон 0.1552 сомонӣ медоданд.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди рӯзи гузашта каме гарон шуда, 1 доллари ИМА 11.3225 сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дирӯз 11.3220 қиммат дошт.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дораду каме боло ҳам рафтааст.
Пас аз "марги" доллар: асъори нави ҷаҳонӣ гуфта шуд
Як евро 13.4557 сомонӣ муқаррар шудааст. Рӯзи гузашта, 3 август дар бозори арз қурби як евро дар марзи 13.4528 сомонӣ қарор дошт.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3225 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4557 то 13.5200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1546 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0