Даргузашти сардори милисаи Ҳамадонӣ 11 рӯз пеш аз 46-солагияш

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПодполковник Усмонзода Анис Карим, сардори Шуъбаи милиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Подполковник Усмонзода Анис Карим,  сардори Шуъбаи милиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Подполковник Усмонзода Анис Карим, ки бо нишонаҳои бемории коронавирус дар беморхонаи Хуҷанд табобат мегирифт, даргузашт
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Маросими видоъ бо Усмонзода Анис Карим 4 август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, хабар доданд наздикони марҳум. Ӯ 45 сол дошт. Бар асоси саҳифаи Усмонзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буд ва агар умр вафо мекард, 15 августи соли равон 46-солагияшро таҷлил менамуд.
Усмонзода бо мувофиқаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи октябри соли 2019 ба мақоми сардори Шуъбаи милиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъйин гардид. Номи ӯ моҳи апрели соли гузашта, замоне расонаӣ шуда буд, ки дар пайи як амалиёти маҳви қочоқбар дар марзи Афғонистон ҳамроҳ бо чанд милисаю табиб ба қарантин гирифта шуда буд. Далели ин қарантинагирӣ ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии коронавирус ба ҷумҳурӣ гуфта шуд. Он замон расман ҳанӯз коронавирус дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт.
Посол Зубайдзода Зубайдулло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Мотам дар оилаи Зубайдзодаҳо: таъзияи дуюми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 5 рӯзи охир
Постҳои охири худи Усмонзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар сӯги қиблагоҳашанд ва падари марҳумашро барои худ намунаи ибрат хондааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори шабонарӯзи охирро нашр накардааст. Ин ниҳод шоми 3 август, эълон дошта буд, ки панҷ рӯз – аз 30 июл то 3 август фавт аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ҷой надоштааст.
Дар маҷмуъ шумораи гирифторшудагон ба коронавирус аз аввали хуруҷаш дар ҷумҳурӣ то шоми 3 август 15 ҳазору 293 нафар арзёбӣ шудааст, ки аз ин 14 ҳазору 788 нафар шифо ёфтаанд. Бар асоси ин омор, ба ҳолати 3 август дар ҳудуди Тоҷикистон 384 нафар гирифтори коронавирус буданд. Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ расман 121 нафар ҳисоб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0