Додситонии Қирғизистон тақдири Боқиевро дар сурати омадан ба Бишкек шарҳ дод

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузаштан ба хазинаи аксБывший президент Кыргызстана Курманбек Бакиев
Бывший президент Кыргызстана Курманбек Бакиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Қаблан ба Қирғзистон собиқ президент Аскар Акаев барои шаҳодат додан дар қазияи "Кумтор" баргашта буд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар сурати ба Қирғизистон омадан ва ё интиқол додани Қурманбек Боқиев раисиҷумҳури пешин, ӯ фавран ба ҳабс гирифта мешавад, хабар медиҳад котиботи Додситонии ин кишвар.
Ин ниҳод ёдовар шуд, ки бо ҳукми додгоҳ аз 29 июли 2016 Боқиев барои ҳодисаҳои 7 апрели соли 2010 ва дигар ҳодисаҳои ҷиноят ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл аввалин президенти Қирғизистон, Аскар Акаев пас аз фирордар соли 2005 ба ватан баргашт.
Бывший президент Кыргызстана Аскар Акаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Аскар Акаев, ки дар пайгард қарор дошт, ба Бишкек оварда шуд
Вай изҳор дошт, ки омода аст дар бораи қазияи "Кумтор" шаҳодат диҳад ва ба кишардори феълӣ Содир Ҷабборов барои фароҳам овардани шароити баргашт ба ӯ изҳори миннатдорӣ кард.
Рӯзи душанбе Акаевро дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бозпурсӣ карданд. Ин ниҳод пас аз бозпурсӣ кардани Акаев хабар доданд, ки ӯ фаъолона ба рафти тафтишот кумак мерасонад.
Дар Қирғизистон пас аз ба ватан баргаштани собиқ президент миёни мардум сару садоҳо пайдо шуданд, ки бо ҳамин роҳ шаҳрвандони ин кишварро ба бозгашти Боқиев омода мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала