Файзов рӯирост гуфт, ки таъмири роҳи Бартанг кори 10 - сола нест - навор

© Нашрияи "Оинаи зиндагӣ"Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми нишасти матбуотӣ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ин роҳро ба стандарти байналмилалӣ мутобиқ гардондан ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Таъмири роҳи водии Бартанг то 10 - 15 сол ва ё аз ин ҳам бештар вақтро талаб мекунад, изҳор дошт Ёдгор Файзов раиси ВМКБ зимни нишасти хабарӣ.
Ӯ ба навору аксҳо аз вазъи хароби роҳи ин минтақа, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, вокуниш нишон дода, афзуд, ки ин мушкил солҳои дароз ҷо дорад.
"Замони дар ҳукумат ва Фонди Оқохон фаъолият карданам роҳҳои мошингард дар ин масир муддатҳои дароз баста мемонанд, аз ҷумла дар фасли зимистон. Зимистони имсол ин роҳ ҳамагӣ як рӯз ё 2 рӯз баста мемонду халос", - тавзеҳ дод раиси вилоят.
Файзов дар идома қайд кард, ки барои таъмири роҳи мошингарди вилоят чӣ миқдор маблағ ихтисос дода шуд ва кадом корҳо анҷом ёфтанд. Ба таъкиди ӯ аз ҷумла Фонди Оқохон 600 ҳазор доллар ҷудо карда буд.
Бо вуҷуди ин, роҳбари ВМКБ шарҳ дод, ки роҳи водии Бартанг ва умуман масири вилоят ҳеҷ гоҳ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намегардад.
Таъмири роҳи Бартанг  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ҳукумати Бадахшон дар бораи таъмири роҳи Бартанг ва таъмини мардум бо доруворӣ
Файзов ба шароити номусоиди минтақаи кӯҳӣ таъкид намуда гуфт, ки дар дигар навоҳию вилоятҳо маблағи ба даст омада барои таъмири роҳ масраф мешавад. Вале дар ВМКБ танҳо дар фасли зимистону мавсими селфароӣ барои тоза кардани роҳҳо то 40 - 50 тонна маводи сӯзишворӣ сарф мешавад.
Раис ин корро "пулро ба об партофтан" арзёбӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл аз сабаби боло рафтани оби дарё роҳи водии "Бартанг" шуста шуд ва ҳаракати нақлиёт дар ин масир ба мушкил мувоҷеҳ шуд.
Дар ҳамин ҳол, яке аз корбарон бо номи Носирзода Фазила навиштааст, ки аз рӯи баста будани роҳ, маризони коронавирус дар хона мурда истодаанд. Ӯ гуфт мардум дастрасӣ ба маводи доруворӣ надоранд ва ҳамзмон наметавонанд беморонро ба бемористон интиқол диҳанд.
Иностранные туристы на Памире. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
"Одамон дар хонаҳояшон мурда истодаанд": ҳоли зори мардуми Бартанг дар пандемия - навор
Аммо рӯзи гузашта, сухангӯи раиси вилоят аксҳо аз раванди таъмир шудани роҳи Бартангро нашр намуда, таъкид дошт, ки мардуми ин минтақа бо дору ва маводи ғизоӣ пурра таъмин гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала