Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео

Дар ҳамла ба хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон 8 тан кушта ва 20 нафари дигар захмӣ бардоштанд
Дирӯз дар шаҳри Кобул дар наздикии хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон таркиш рух дода, афроди номаълум ба манзили вазир ҳамла карданд.
Ба иттилои мақомоти расмии Афғонистон дар натиҷаи таркиш ва сипас ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба мнзили вазири дифои Афғонистон, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, 8 нафар кушта ва тақрибан 20 нафари дигар захм бардоштанд.
Гуфта шудааст, ки назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд.
Нерӯҳои амниятӣ бо ҷангҷӯён номаълум даргир шуданд .То ҳол шахсият ва теъдоди ҳамлагарон маълум нест.
Министр Обороны Афганистана Бисмилла Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видео
Ҳамчунин то ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст.
Ин ҳамла дар ҳолест, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ моҳи июн ба мақоми вазири дифои Афғонистон таъйин гардид. Ӯ тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд.
Бисмиллоҳхон дар мақоми вазирӣ Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро* иваз кард. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифои Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надошт.
Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба замони фаъолшавии ҷангиёни Толибон* дар музофотҳои гуногуни Афғонистон рост омад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала