Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Маршал Дӯстум аз Ӯзбекистон вориди Афғонистон шуд

© Шафеъулло МазариМаршал Абдурашид Дӯстум
Маршал Абдурашид Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, пас аз якуним моҳ ба Афғонистон баргашт
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як манбаъ дар Мазори Шариф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф шоми имрӯз, 4 август, аз шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон тариқи посгоҳи марзии Ҳайратон ба қаламрави Афғонистон ворид шуд.
"Ӯ мустақим ба фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф омад ва аз он ҷо ба Кобул рафт. Бозгашти ӯ бо тақозои президент Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай анҷом гирифт", - гуфт ин манбаъ.
Маршал Дӯстум ҳанӯз 17 моҳи июн ба таври изтирорӣ аз майдони набард бо Толибон* дар Ҷузҷон ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Туркия интиқол ёфта буд. Дар оғоз манобеъ аз захмӣ шудани ӯву писараш Ёрмуҳаммад дар майдони ҷанг бо Толибон хабар доданд, аммо наздикони ӯ ин хабарҳоро такзиб намуда, гуфта буданд, ки ӯ ҷиҳати ширкат дар Форуми дипломатияи Анталия ба Туркия рафтааст. Аммо номи ӯ дар феҳристи ширкатдорони ин нишаст набуд.
Баъдтар манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли наздикони Дӯстум гуфта буданд, ки маризии қанди маршал баланду бесубот шуда, эҳтимолан ӯ ба “вируси корона” печидааст ва ҳам ин фарзия низ вуҷуд дошт, ки ба ӯву фарзандаш заҳр додаанд.
Дере нагузашта, як акси ӯ аз шифохонае дар Туркия нашр шуд, ки дар бадани Дӯстум сӯзандору дида мешуд.
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Маршал Дӯстум ба сарбозон: аз ҳар имконият барои муқобила бо гурӯҳи Толибон кор бигиред
Маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, раҳбари билоивази ӯзбекҳову туркманҳо ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар сиёсатҳои имрӯзи Афғонистон тайи 30 соли ахир аст. Ӯ дар ҳоле майдони ҷангро тарк карда буд, ки бо нерӯҳояш дар вилоятҳои таҳти нуфузаш Форёб, Ҷузҷон ва Сарипул, ки доғтарин ҷабҳаҳои ҷанги он рӯзҳо буданд, бо Толибон меҷангид.
Пас аз хуруҷи ӯ аз Афғонистон ҳоло фақат марокизи ин вилоёт дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон боқӣ мондаанд. Дар набуди Дӯстум нерӯҳои ӯро писараш Ёрмуҳаммад раҳбарӣ мекунад, ки дар канори нерӯҳои ҳукуматӣ меҷангад. Интизор меравад, омадани Дӯстум дар майдони ҷанг низ тағйир ворид кунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала