Натиҷаи мулоқоти Раҳмону Бердимуҳаммадов: 19 санад имзо шуданд - рӯйхат

© котиботи матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои туркманаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 19 санади ҳамкорӣ имзо шуданд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар музокироти сатҳи олӣ ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз сиёсат то нақлиёт, тиҷорат, энергетика ва сохтмонро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи музокироти сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд. Дар ҳузури роҳбарон инчунин 19 санад имзо гардиданд, ки аз савдо то санъату фарҳанг, ҳамлу нақли мол, мусофирбарӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
Дар феҳрасти санадҳои имзошуда, котиботи раисиҷумҳур овардааст:
1.
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон;
2.
Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2021-2023;
3.
Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои хориҷии Туркманистон дар бораи ташкили хонаҳои савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон;
4.
Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022-2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон;
5.
Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон;
6.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот ;
7.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати сайёҳӣ ;
8.
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2024;
9.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;
10.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон;
11.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ;
12.
Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ;
13.
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Туркманистон;
14.
Созишномаи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Ахали Туркманистон;
15.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон;
16.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
17.
Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999;
18.
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2021-2023;
19.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон;
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар нишаст Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват кард, ки дар вақти барояш мувофиқ бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала