Нон буду намак не: навори истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Ишқобод

Президенти Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Ишқобод бо гулдаста ва нон пешвоз гирифтанд
Шоми рӯзи 3 август, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Ишқобод шуд.
Фурудгоҳ бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд. Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон самимона истиқбол гирифтанд.
Ҳамчунин ба пешвози кишвардори Тоҷикистон як духтараку як писар бо нон ва гулдаста истода буданд.
Барномаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар Ашқобод
Ин дустрӯякон ба истиқоли президенти Тоҷикистон шеър қироат карданд ва ӯро хуш омадед гуфтанд.
Аз навор дида мешавад, ки рӯи дасти писарак нон аст. Президенти Тоҷикистон ҳангоми ҷашидан қисме аз нонро шикаста ва дар ҷустуҷӯи намак мешаваду болопӯши нонро як тараф мекунад, вале намакро намеёбад.
Эмомалӣ Раҳмон бо 5 вазиру 4 раис ба Туркманистон сафар кард
Дар анъанаи тоҷикон меҳмони олиқадрро албатта бо нону намак пешвоз мегиранд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, дар чаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ, рӯзи 4 август, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркмани худ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб сари мизи мулоқоту музокирот менишинанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯ миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо 5 вазиру 4 раис ба Туркманистон сафар кард
Ёдовар мешавем, ки сафари кишвардори Тоҷикистон ба Туркманистон ба хотири иштирок дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 август баргузор мешавад, сурат гирифт.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои туркманаш зимни як сӯҳбати телефонӣ, ки охири моҳи гузашта баргузор шуд, ба Туркманистон даъват кард ва таклифи ӯ пазируфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала