Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Дар Панҷакент барои ваксинзании сокинон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд

Вакцинация в Гостином дворе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Дар Панҷакент ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ахиран дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо ҳузури Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори Ситоди шаҳрӣ ҳамчунин намояндагони Раёсати тандурустии вилоят, роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони кумитаҳои маҳал иштирок намуданд.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Хуҷанд шумораи нуқтаҳои ваксиназаниро эълон карданд
Гуфта шудааст, ки дар Ситод гузориши масъулони соҳаи тандурустии шаҳри Панҷакент шунида шуд.
“Ситод ба масъулин барои андешидани чораҳои фаврӣ барои сари вақт фаро гирифтани беморон ба табобат, гузаронидани ваксиназании сокинон, фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳарчи бештар захира нудани маводи доруворӣ ва безараргардонӣ дастурҳо дод”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки Ситоди шаҳри барои сафарбар намудани гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинони шаҳру деҳот вобаста ба танзим намудани тӯю маъракаҳо ва дигар маросимҳо ба масъулон супориш дод.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки барои сари вақт гузаронидани ваксиназании сокинон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули соҳаи тандурустии вилоят ва шаҳр сафарбар гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала