Генерал Раҳимзода дар бораи қазияи "латукӯби вазири тандурустӣ аз сӯи ҷиянҳои Президент"

© пресс-служба Минздрава ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Генерал Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилии Тоҷикистон сарусадо дар бораи латукӯби Вазири тандурустии кишвар аз ҷониби хоҳарзодаҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Хабари гӯё латукӯб шудани вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони хоҳари марҳуми Эмомалӣ Раҳмон дар миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Худи Вазорат ин сарусадоҳоро дур аз воқеият хонд ва шарҳ дод, ки вазир барои овардани ваксини сохти Русия дар сафари корӣ ба он кишвар қарор дорад.
Зимнан, дар нишасти ахири Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз генерал Раҳимзода қазияи кӯфта шудани вазир пурсида шуд.
Вазир гуфт, ки ба ниҳоди онҳо ягон арзу шикоят ворид нашудааст ва дар бораи ин аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарак ёфт.

"Чизе, ки дар интернет паҳн шуд, ман пурсон шудам. Ба ниҳоди вазорат ягон шикоят ворид нашуд", - шарҳ дод вазир.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш расонаҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шуда, дар бемористон бистарӣ гаштааст.
Ҳузур надоштани вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 26 июл ва маросими қабули 1,5 миллион воя ваксинаи ироанамудаи ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овард.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Вазорати тандурустӣ: вазир ба кор баромаду шаҳрвандонро қабул кард
Бархе гуфтанд, ки вазири тандурустӣ гирифтори коронавирус шудааст ва гузоришҳое ҳам паҳн гардиданд, ки Абдуллозода ва гуруҳи табибони баландпояи дигар аз сӯи фарзандони Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари марҳуми раисиҷумҳури Тоҷикистон латукӯб шудаанд. Бар асоси гузоришҳо, наздикони марҳум Раҳмонова, табибонро ба табобати нодуруст муттаҳам кардаанд.
Аммо Эмомалӣ Мирзо, сухангӯи вазорат ин иддаоро бепоя хонда, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуллозода дар Маскав қарор дорад.
Зимнан, рӯзи 3 август Вазорати тандурустӣ акси Ҷамолиддин Абдуллозодаро аз қабули арзи шаҳрвандон дар сомона ҷо дод.
Лентаи хабарҳо
0