Мардум аз қади кӯча чипта мехаранд: Раҳимзода дар бораи қаллобони гаронфурӯш

© SputnikБилет на самолет
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 159 ҳолати қаллобии вобаста ба чиптафурӯширо баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикисон дар нишасти хабарӣ гуфт, дар давоми шаш моҳ аз рӯи қаллобӣ 15 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
"Дар ҳақиқат мо дар давоми шаш моҳ 15 парвандаи ҷиноятӣ бо 159 ҳолат боз кардем, нисбати 20 қаллобони чиптафурӯш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, 7 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст", - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Бино ба иттилои вазири корҳои дохилӣ, ҳамчунин 4 мардумфиреби дигар дар ковтуков қарор доранд ва нисбати як кормандони ширкати ҳавоӣ низ тафтишот идома дорад.
"Аз кормандони ширкат ҳам як нафар дар ин ҷиноят даст дорад ва тафтишот нисбати ӯ идома дорад", - гуфт вазир.
Генерал Раҳимзода чиптафурӯшии ғайриқонуниро боиси ташвиш хонд ва аз мардум даъват кард, ки аз кассаҳои расмии чиптафурӯшӣ билет бихаранд ва бо ВКД дар ин самт ҳамкорӣ кунанд.
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Худро мақомдор гуфт: боздошти "чиптафурӯш" - и қаллоб дар Хатлон
"Боиси ташвиш аст, ки мардум ба кассаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат накарда аз дасти онҳое, ки дар қади кӯча мехоҳанд фанду фиреб кунанд,чипта мехаранд. Маълум аст, ки ин нафарон фиребгаранд ва аз дасти онҳо харидани чипта лозим нест, баръакс ба мақомот хабар бояд диҳанд, то дастгир шаванд", - таъкид кард генерал Раҳимзода.
Пештар хабар дода шуд, ки як корманди фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қаллобӣ - фурӯши ғайриқонунии чиптаҳои самти Душанбе-Маскав боздошт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала