Раҳимзода таҷовуз ва куштори Руфейдаро мудҳиш хонд: даст доштани модари муттаҳам номаълум

© Фотки предоставлены Гулсун ИноятовойРуфейда Иноятова
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қазияи таҷовуз ва куштори ноболиғи 8-сола Руфейдаро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ, куштори духтарчаи 8-сола Иноятова Руфейдаро мудҳиш унвон кард ва гуфт, даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштор, тафтиш мешавад.

"Дар ҳақиқат ҷинояткор сари вақт дастгир шуд, ин ҷинояти мудҳиш аст. Дар масъалаи даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштори Руфейда, ягон маълумот надорем", - гуфт Раҳимзода.

Вазир афзуд, ки тафтишот ба прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст ва вобаста ба ҷамъбасти он маълум мешавад ва " агар модари ӯ ба ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Ёдрас мешавем, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран гуфт, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфейдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Изтироби Рустами Эмомалӣ аз куштори Руфейда: аз назорати тафтишот то пурзӯр кардани ҷазо
Ба иттилои додситонӣ, аз рӯи ин ҳолат нисбати Гадоев бар асоси моддаҳои 138 - таҷовуз ба номус ва 104 - куштор, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
"Кушту ба хонаи занаш гурехт": бибии Руфейда фарзияҳои ифшоношудаи қатли набераашро гуфт
Ҳодисаи куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола, ки 4 июли соли равон рух додааст, аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Наздикони Руфейда ва мақомот ҳамсояи хонаводаи ҷабрдида дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро муттаҳам медонанд. Назари бевоситаи Гадоев ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия ва иттиҳоми эълонкардаи мақомот феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала