Созиш: Туркманистон роҳи мошину қаторҳои самти Тоҷикистонро мекушояд?

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон президент Таджикистана, и Гурбангулы Бердымухамедов президент Туркменистана
Эмомали Рахмон президент Таджикистана, и Гурбангулы Бердымухамедов президент Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Ҳамлу нақли бор ва мусофирон аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов будааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар ҳоле, ки Туркманистон солҳои охир мошину қаторҳои борбари Тоҷикистонро роҳ намедиҳад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ишқобод ин масъаларо ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Бердимуҳаммадов зикр шудааст, ки бору мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳану мошингарди қаламрави Туркманистон ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад.
"Дар мулоқот таъкид гардид, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути қаламрави Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии “Туркманбошӣ” ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон, ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Натиҷаи мулоқоти Раҳмону Бердимуҳаммадов: 19 санад имзо шуданд - рӯйхат
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар қатори 19 санаде, ки баъди музокироти сатҳи олӣ имзо гардиданд, ду созишномаи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон мебошанд.
Инчунин Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Тоҷикистону Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999 имзо шуд.
Имзои ин санадҳо дар ҳолест, ки Туркманистон аз соли 2019 ба далоили номаълум борҳои самти Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедод. Мақомоти туркман далели ин иқдомро ба масоили амниятӣ рабт медоданд, аммо ҷузъиётро ироа намекарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала