Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Роҳпаймоии шабонаи ҷунбиши "Аллоҳу Акбар" дар Тахор - видео

Обуна шудан
Ҳазорон сокини шаҳри Толиқон, маркази Тахор, ки як моҳ ба ин сӯ дар муҳосираи "Толибон"* қарор дорад, бо нидоҳои "Аллоҳу Акбар" ба кӯчаҳо рехтанд
Дар Ҳирот дишаб ҳазорон тан аз мардуми Тахор ба ҳимоят аз нируҳои амниятӣ ва муқовамат мардумӣ ба ҷодаҳои шаҳри Толиқон рехта ва бо сар додан фарёдҳои "Аллоҳ Акбар" як раҳпаймоӣ анҷом доданд.
“Толибон”* 4 июл, як моҳи қабл 16 – умин ва охирин вулусволии вилояти Тахорро суқут дода, шаҳри Толиқон – маркази вилоятро пурра таҳти муҳосира қарор доданд.
Ҳамла ба хонаи генерал Бисмиллоҳхон, вазири дифои Афғонистон - видео
Ҷангҳо барои Толиқон аз моҳи июн ба ин сӯ идома дорад. Вилояти Тахор аз шимол пурра бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар” дар шаҳри Ҳирот, вилояти ҳаммарз бо Эрони Афғонистон шуруъ шуд. Мардуми ин шаҳр дар вокуниш ба даъвати Амир Муҳаммад Исмоилхон, собиқ волӣ ва фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини Ҳирот, соати 9 – и шаби 2 август рӯи бомҳои худ баромада, нидоҳои такбирро баланд карданд.
Амир Исмоилхон аз мардуми шаҳраш даъват кард, то аз роҳи сар додани фарёдҳои “Аллоҳу Акбар” ҳимоят ва пуштибонии худро аз нерӯҳои ҳукуматӣ ва хезишҳои мардумӣ алайҳи "Толибон"* баён кунанд.
Ҷунбиши “Аллоҳу Акбар”: фарохони Исмоилхон аз мардуми ҲиротМарзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Шаҳри Ҳирот як ҳафта ба ин сӯ маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукумату хезишҳои мардумӣ ва “Толибон”* аст. Ҳоло ҷангҳо дар қисматҳои ҷанубии ин шаҳр идома доранд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0