Русия депорташ кард: Раҳимзода дар бораи қазияи Иззат Амон

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон қазияи пурсарусадои Иззат Амон, фаъоли иҷтимоӣ дар Русия ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, роҳбари маркази тоҷикон дар Маскавро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки тафтишоти парвандаи Иззат Амон фаъоли иҷтимоӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав дар ҳолати анҷомёбист ва дар рӯзҳои наздик ба додгоҳи олӣ пешниҳод карда мешавад.
Вазир қайд кард, ки Иззат Амонро касе маҷбуран ба Тоҷикистон наовардааст, балки ӯ бари вайрон кардани қоидаҳои буду бош аз Русия ихроҷ шуд ва дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шуд.

“Ӯ пас аз он, ки аз Русия барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ихроҷ (депорт) шуд, дар Тоҷикистон дастгир ва ҳабс гирифта шуд. Ӯ дар инҷо барои ҳамон ҷиноятҳое, ки мо гуфтем дастгир шудааст тафтишот идома дорад ва ба рӯзҳои наздик ба додгоҳ пешниҳод мешавад”, - гуфт вазир.

Рамазон Раҳимзода афзуд, ки Иззат Амонзода дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳои қаллобиаш дастгир шудааст.
“Тафтишоти парвандаи ҷиноятии вай қариб ба анҷом расидааст. Зиёда аз 15 нафар ҷабрдидагон арзу шикоят кардан, ки ба доми фиреби ӯ афтодаанд. Ба наздики парвандаи ҷиноятии Иззат Амон ба суди олӣ пешниҳод карда мешавад”, - зикр кард Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
"Қаллобӣ ба маблағи 630 ҳазор рубл ва 1000 доллар": шарҳи парвандаи Иззат Амон
Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли равон аз Русия ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон пас аз як рӯз аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои мақомот, чанд нафар даъво кардаанд, ки гуё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, як масъули Додситонии кул, рӯзи 13-уми июл қарзи ҳомии муҳоҷиронро 630 ҳазор рубл ва ҳазор доллари амрикоӣ эълон кард. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала