Ба Русия донишҷӯёни хориҷӣ бештар аз Тоҷикистон меоянд

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеПредставительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Мақомоти “Россотрудничество” омори донишҷӯёни хориҷӣ дар соли 2021-ро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Роҳбари “Россотрудничество” Евгений Примаков зимни як конфронси маҷози дар Маскав гуфт, ки 30 дарсади дархостҳо барои иштирок дар имтиҳонҳои интихобӣ барои таҳсил тибқи квотаҳои Ҳукумати Русия дар соли 2021 аз кишварҳои ИДМ расидааст.
Вай қайд кард, ки аксари донишҷӯён ба Русия аз Тоҷикистон меоянд.
Роҳбари Россотрудничество ҳамчунин илова кард, ки 45 дарсади ин дархостҳо ба барномаҳои бакалавр, 23 дарсади дигар ба барномаҳои магистрӣ, 17 дарсад – мутахассис, 8 дарсад – аспирантура ва 6 дарсад - орденатура тааллуқ доранд.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Роҳкирои бепул ва идрорпулии баланд: ваъдаи Русия ба донишҷӯёни хориҷ
Ба гуфтаи Примаков, миёни ихтисосҳое бештар интихоб мешаванд, тиб, иқтисод, информатика ва сиёсатшиносӣ будааст.
"Дар бахши забоншиносӣ, ки барои мо муҳим аст - омузишу парвариши муӣахассисони забони русӣ илова шудааст – Мо дарк мекунем, ки шумори онҳо наметавонад зиёд бошад, аммо онҳо ҳамеша дар он ҷо ҳастанд, ин монанди таърих барои пешбарии забони русӣ аст", - афзуд Примаков.
Сардори “Россотрудничество” қайд кард, ки шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия 270-300 ҳазор арзёбӣ мешавад.
Примаков инчунин дар бораи як портали махсуси Education in Russia қайд кард, ки тавассути он метавон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия ҳуҷҷат супорид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала