Сокини 29 - солаи Рӯшон ҳамсарашро то мурдан кӯфт

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Обуна шудан
Зани 29 - сола бар асари бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаи куштори зани 29 - сола аз сӯи ҳамсари ҳамсоли ӯ иттифоқ афтодааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ.
Ба иттилои манбаъ, кормандони милиса марди 29 - сола, сокини ноҳияи мазкурро боздошт намуданд, ки дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.
Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Куштор дар ҳолати сархушӣ: бо мушту лагад ҳамқадаҳашро беҳуш карду аз ҷайбаш пул дуздид
Марди муттаҳам дар манзили истиқоматӣ бо ҳамсари 29 - солаи худ аз сабаби муноқишаҳои оилавӣ, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро шадидан латукӯб кард.
Дар ҳамин ҳол, зани ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Вазорат қазияи мазкурро муфассал шарҳ надод ва таъкид намуд, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0