Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков дар ВМКБ мактаби касбии ҷудо месозад

© Facebook/МИМХД ВМКБСомон Маҳмадбеков дар ҳузури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов
Сомон Маҳмадбеков дар ҳузури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Дар ин мактаб устодони варзидаи варзиш кор хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Сомон Маҳмадбеков - иштирокчии бозиҳои олимпии Токио - 2020 бо бародараш Мамадбек Маҳмадбеков ва падарашон, Моёншо Маҳмадбеков мураббии ҷудо бо раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ддиору мудлоқот
Ёдгор Файзов оилаи варзишгаронро ба ВМКБ хайрамақдам гуфта, намояндагӣ аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониро боиси ифтихлор хонд.
Моёншо Маҳмадбеков масъалаи ифтитоҳи мактаби ҷудоро назди раис гузоштааст.

"Ӯ таклиф намуд, ки бо ҳамроҳии писаронаш, барои наврасону ҷавонон як толори куштӣ ва мактаб бунёд кунад ва бо устодони арзанда таъмин намояд. Зеро ВМКБ зодгоҳи ҷавонпаҳлавонни асил мебошад", - омадааст дар хабарномаи мақомоти ВМКБ.

Файзов ин иқдомро хуб пазируфта қайд кардааст, ки ҷихати мустаҳкамтар нигоҳ доштани равобити варзишгарон Маҳмадбековҳо бо дӯстдорони куштии вилоят як вохӯрии озодро ташкил намоянд.
Раиси ВМКБ ба хонаводаи Маҳмадбековҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Айни ҳол ҷахонпаҳлавон - Сомон Маҳмадбеков дар вилояти Иркутски Русия истиқомат дошта, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилали аз номи Тоҷикистон баромад менамояд.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2021
Иштироки Сомон Маҳмадбеков ва ду паҳлавони дигар дар мусобиқаи World Judo Masters
Ёдрас мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков дар бозиҳои олимпии Токио - 2020 маҳорати хуб нишон дода бар ду рақиби худ пирӯз шуд, вале аз намояндаи Озарбойҷон, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио - 2016, Рустам Оруҷев шикаст хӯрд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала