Вазир: шиносномае ба номи Табаров Руслан дода нашудааст

© SputnikОбложка паспорта РТ, архивное фото
Обложка паспорта РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар шиносномае ба номи шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович дода нашудааст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ба суол дар мавриди он, ки гӯиё яке аз муттаҳамон дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия шиносномаи тоҷикӣ бо номи Табаров Руслан Ҳалимовичро доштааст, посух дод.
Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чунин шахс бо чунин шиноснома дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст .Ӯ афзуд, аз тарафи мақомоти Чех ҳам ягон дархост оиди ин ҳодиса ворид нашудааст.
Қаблан мақомоти Чех, Маскавро ба даст доштан дар таркиш дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар Врбетитса дар соли 2014 айбдор карданд, ки мақомоти Русия онро бепоя хонданд. .
Чем обернется ухудшение отношений между Россией и Чехией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Чӣ гуна Чехия муносибатҳояшро бо Русияро вайрон кард: аз айбдоркунӣ то ихроҷи дипломатҳо
Ба иддаои Чехия, Александр Петров ва Руслан Боширов, ки аллакай номашон дар парвандаи Скрипалҳо расонаӣ шуда буд, дар таркиши анбори силоҳ даст доштаанд.
Гуфта мешуд, ки онҳо санадҳои кишварҳои Молдова ва Тоҷикистонро доштаанд, аммо мақомоти тоҷик додани шиносномаро рад кард.
Дар пайи ин иддао баҳс миёни Чехия ва Русия сар зад, ки берун кардани дипломатҳои тарафайнро дар пай дошт.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова вазъро "мразматикӣ" номида буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала