Мотам дар оилаи Зубайдзодаҳо: таъзияи дуюми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 5 рӯзи охир

© МИД РТПосол Зубайдзода Зубайдулло
Посол Зубайдзода Зубайдулло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тайи панҷ рӯзи охир бори дуюм аст, аз даргузашти наздикони кормандони ин ниҳод изҳори андуҳ мекунад
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. ВУХ Тоҷикистон бо нашри як таъзиянома аз даргузашти хоҳари Зубайдулло Зубайдзода, яке аз дипломатҳои шинохтаи тоҷик изҳори андуҳ кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва таслият баён кардааст. Иллати даргузашт ва тафсилоти дигари мотам дар хонаводаи Зубайдзодаҳо ироа нашудааст.
Зубайдулло Зубайдзода, ки феълан сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Кувайт мебошад, аз дипломатҳои шинохтаи тоҷик аст, ки дар кишварҳои гуногун фаъолият дошта, яке аз саҳмдорони асосӣ дар баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз Ироқ мебошад.
Чанд рӯзи қабл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми падари корманди худ Нигина Зардова - шарқшинос ва тарҷумони касбии забони арабӣ Нағзибек Зардов изҳори андух карда буд.
Нағзибек Зардов шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ шаби 30 июл дар синни 63-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ин дар ҳолест, ки бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо таассуф аз зиёд шудани таъзияномаҳо дар вақтҳои охир гуфта, таъкид мекунанд, ки баёни ҳамдардӣ ва дуо дар ҳаққи гузаштагон аз маъмулитарин кор дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала