Вокуниши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳамлаи мусалаҳона болои хонаи вазири дифоъ

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ мегӯяд, ки дар натиҷаи қоими сартосарӣ худҷуши мардум алайҳи Толибон* дасти террористони хориҷӣ аз сари миллати Афғонистон кутоҳ хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ, дар як паёме, ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ ба хонаи вазири дифоъ Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар шаҳри Кобулро шадидан маҳкум кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо аз он хушҳолем, ки дар ин рӯйдоди террористӣ бародар ва ҳамсангари гиромии мо генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва хонаводаи муҳтарамашон осебе надидааст. Аммо мутаассифона, дар ин ҳамлаи бераҳмона ва ғайриинсонии террористҳои ҷинояткор, шуморе аз бошандагони маҳал захм бардошта ва хонаҳои ҳамҷавор тахриб гардида аст", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ин ҳамла ҳамзамон бо қоим сартосари шаҳрвандони Кобул, дар накӯҳиш террористон ва ҳомиёнашон иттифоқ уфтод.
Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ гуфт, ки мардуми Кобул бо беруншудан ба кӯчаҳо ва боло шудан бар бом хонаҳо ва бо садои баланд “Аллоҳ Акбар” ба душмани бераҳм посухи дандоншикан ва бесобиқа, доданд. Дар натиҷаи ин қоим сартосари ва худҷуш, иншоллоҳ дасти террористони аҷнабӣ аз сари миллати Афғонистон кутоҳ хоҳад гардид.
Последствия атаки на дом Министра обороны Афганистана Бисмиллах Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео
Оқои Абдуллоҳ таъкид кард, ки террористон ба манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ҳамлаи густарда ва тарҳрезишуда анҷом додаанд, аммо хушбахтона онҳо ба ҳадафи худ нарасидаанду ноком шуданд.
"Мо итминон дорем, ки ин ҳамлаҳои террористӣ иродаи моро дар мубориза бо терроризм, дифоъ аз ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолият ва шаъну шарафи Афғонистон қавитар хоҳад месозад", - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дирӯз баъд аз таркиши худрави бомбгузоришуда чанд нафари мусаллаҳ ба манзили вазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар ноҳияи Ширпури шаҳри Кобул ҳамла карданд.
Нерӯҳои амниятӣ ҳамаи ҳамлагаронро нобуд карданд. Мақомоти амниятӣ то ҳол дар бораи теъдоди ҳамлагарон ва эҳтимолияти марги сарбозон ва ғайринизомиён дар ин таркиш чизе нагуфтаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала