Ҳавои Тоҷикистон то 41 дараҷа гарм мешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Борони кӯтоҳмуддат танҳо дар вилояти Суғду ноҳияҳои тобеи марказ меборад. Дар дигар минтақаҳо ҳаво гарму хушк хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 5 авг – Sputnik. Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳавои ВМКБ бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят рӯзона 28+33 ва шабона 14+19 дараҷа гамр шудани ҳаво дар назар аст. Дар қисмати шарқӣ бошад, шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Вазиши шамол дар аксар ноҳияҳо ба 10-15 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0