Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Холиқзода аз хавфи ваксинзанӣ дар замони авҷи беморӣ ва зарурати қарантин гуфт

© Сайт больницы Ибни СиноДиректор больницы Ибни Сино, Абдухалил Холикзода
Директор больницы Ибни Сино, Абдухалил Холикзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Мудири бемористони Ибни Сино мегӯяд, ҷорӣ кардани як қарантини нарм дар Тоҷикистон ба нафъи кор аст ва онро бояд бо барномарезии маъракаи ваксингирӣ ҳамоҳанг кард
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Абдухалил Холиқзода мудири Бемористони Ибни Сино дар сафҳаи Facebook- и худ навиштааст, ки дар Тоҷикистон вазъияти паҳншавии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ ҷорӣ кардан қарантини шадид зарурат надорад.
Ӯ гуфт, дар дигар кишварҳо қарантини ду ҳафтаинаро барои он ҷорӣ мекунанд, ки то як андоза сарбории муассисаҳои тандурустӣ коҳиш дода шавад.
Дар идома ӯ дар масъалаи ваксинзанӣ ибрози назар карда гуфт, "одатан воксанро пеш аз шурӯъи мавсими ин ё он беморӣ мезананд, то ин ки бадани одамон пешакӣ ба рафъи патогенҳо омода бошад".
Ба таъкиди ӯ, дар замони авҷи паҳншавии патогенҳо гирифтани ваксин метавонад мушкилӣ пеш орад, зеро дар ин сурат хатари гирифтани вирус ҳам вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол, ин мутахассиси варзида ҷорӣ кардани қарантини сабукро дар Тоҷикистон тавсия медиҳад. Ӯ мегӯяд, ин қарантинро бояд бо барномарезии маъракаи эмгузаронӣ ҳамоҳанг карда шавад.
Люди на улице в Душанбе в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Пешниҳоди сокинони пойтахт ба Расулзода ва Абдуллозода: "ду ҳафта қарантин эълон кунед"
Холиқзода таъкид намуд, ки ҳоло ягона роҳи пешгирӣ аз вирус гирифтани ваксин аст. Ӯ тавсия дод, ки ҳар нафаре, ки ваксин мегирад, бояд ду ҳафта қабл ва ду ҳафта пас аз ваксингирӣ қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя кунад.
Бо авҷ гирифтани мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон аксар шаҳрвандон бар ин назаранд, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус бояд то як муддат қарантин эълон шавад.
Аз ҷумла сокинони шаҳри Душанбе, унвонии сарвазир Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дархосте ирсол намудаанд, ки барои ду ҳафта дар Тоҷикистон қарантин эълон шавад ва дари бозору тарабхонаҳо ва маконҳое, ки теъдоди зиёди одамон онҷо ҷамъ меоянд, баста шавад.
Даргузашти сардори милисаи Ҳамадонӣ 11 рӯз пеш аз 46-солагияш
дар ҳамин ҳол, теъдоди нафароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқобилияти худро нисбати ҷорӣ кардани қарантин иброз доштанд, кам набуданд. Норизоён мегӯянд, ҷорӣ шудани қарантин онҳоро аз ризқи ҳаррузаашон маҳрум мекунад, чун захираи ғизоӣ надоранд ва маблағи бадаст оварда танҳо масрафоти як рӯзаи онҳоро мепӯшонаду бас.
Дар Тоҷикистон то рӯзи 4 август, теъдоди гирифторони коронавирус ба 15 364 нафар расидааст, ки аз ин миён 14 867 нафар шифо ёфта, 121 бемор ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала