Ба 14 хонаводаи аз сел зарардида дар Вахш, калиди хона супорида шуд

© Facebook/ Носирҷон МаъмурзодаХонаҳои навбунёд дар ноҳияи Вахш
Хонаҳои навбунёд дар ноҳияи Вахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Дар умум то ҳол 28 хонаводаи аз сел зарардида бо манзилҳои наву муосир таъмин карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Вахш ба 14 хонаводаи аз сел зарардида калиди хона ҳадя шуд, хабар медиҳад котиботи Ҳукумати Хатлон.
Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода сухангӯӣ раиси вилояти Хатлон дар сафҳаи Фейсбукии худ хабар дода, аз ҷараёни супоридани калиди хона чанд аксро ҳам интишор намудааст.
Ба навиштаи ӯ, дар маросими супоридани калиди хонаҳо, раиси ин вилоят, Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Хонаҳои бунёдёфта 3 - 4 ҳуҷрадор буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Манбаъ меафзояд, Ҳакимзода аснои супоридани калид ба соҳибони хонаҳои навбунёд саломативу хушбахтӣ таманно кард.
Грузовики, перевозящие контейнеры, архивное фотофс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони сел дар Вахш кумак кард: раисиҷумҳур чӣ фиристод? - видео
Ёдовар мешавем, рӯзи 11 май дар пайи боришоти шадиди борон дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш сел фаромад, ки дасти кам 41 манзили сокинонро тахриб кард. Ҳоло аз ин миён 28 манзил бунёд ва ба сокинон супорида шуд.
Зимнан, рӯзи 15 июн Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ аз ҳолу аҳволи сокинони ин минтақа бохабар шуда ба 8 хонавода калиди хона тақдим намуда буд.
Бояд гуфт, ки роҳбари давлат пас аз ба амал омадани ин офати табиӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута супориш дод, ки дар кӯтоҳтарин фурсат манзили сокинон, роҳу пул ва тамоми иншооти инфросохторӣ бунёду навсозӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала