Боз мебиёем: миннатдории Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз Содир Ҷабборов

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксЧемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Собиқ қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба кишвардори Қирғизистон изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар Бишкек бо президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов вохӯрд. Собиқ қаҳрамон дар сафҳаи Instagram - и худ акси муштарак бо Ҷабборовро нашр намуд ва барои пазироӣ ва кумак намудан дар ташкили мусобиқа изҳори миннатдорӣ кард.
"Аз вохӯрӣ бо шумо шод шудам, барои кумак ва дастгирӣ дар сомон додани мусобиқаи EFC миннатдор ҳастам. Мо боз соли оянд бо мусобиқаи нав бармегардем", - навиштааст Нурмуҳаммадов.
Ёдовар мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои баргузор кардани сабқати Eagle Fighting Championship ба Чолпон- Атеи Қирғизистон омад. Аз нахустин рӯзе, ки Ҳабиб вориди Бишкек шуд, ӯро фарзандони Ҷабборов ва Тошиев ҳамроҳӣ мекарданд.
Бояд гуфт, ин сафари дуюми Ҳабиб ба Қирғизистон аст. Бори аввал ӯ соли 2018 ба Бишкек сафар кард ва бо мухлисони худ аз ин кишвар суҳбати ошкоро доир карда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала