Муноқишаи нимашабии зани 26 - сола бо ҳамсоя, ба кордкашӣ анҷомид

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Феълан нисбати зани 26 - сола бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикстон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Кормандони милиса аз боздошт шудани зани ҷавон хабар медиҳанд, ки дар расонидани зарари вазнин ба саломтӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон, ин зан сокини деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Нобурда шаби 2 август, соати тахминан 23:30 дақиқа бо ҳамсояи худ марди 26 - сола дар манзили истиқоматияш вориди муноқиша шуд.
"Миёни зану мард ҷанҷол ва занозанӣ сурат гирифта, аввали бо истифода аз корд як маротиба ба шиками ҳамсояи худ зарба расондаст", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хулосаи ташхиси судӣ - тиббӣ, зан ба саломатии ҳаммаҳаллӣ худ зарари вазнини ҷисмонӣ расондааст.
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Сокини 29 - солаи Рӯшон ҳамсарашро то мурдан кӯфт
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба ҳолати рухдода, нисбати сокини 26 - солаи Хистеварз бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0