Захира кунед: ду ноҳияи Душанбе бе об мемонад

© PixabayВодопроводный кран
Водопроводный кран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Сокинони ду ноҳияи Душанбе барои 12 соат аз истифодаи об маҳрум хоҳанд шуд. Маҳдудият аз соати 22:00 -и рӯзи 5 август то соати 10:00 - и 6 август идома мекунад
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби амалисозии корҳои таъмирию профилактикӣ фишори об суст гардида, дар кӯчаҳои Ҷомӣ, шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65 - ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино интиқоли оби ошомиданӣ номунтазам мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 22:00 - и рӯзи 5 август то 10:00 - и 6 август идома меёбад.
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Ду ноҳияи Душанбе имрӯз бе об монданд
Манбаъ меафзояд, корҳои таъмирӣ ва бунёди роҳ дар кӯчаҳои Қосимов-Фирдавсӣ идома ёфта, барои ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ба масофаи беш аз 400 метр дар ин муддат интиқоли об ба сокинон маҳдуд мегардад.
Ба ҳамин минвол манбаъ аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаҳои Фирдавсӣ - 25/1, 27, 27 /,1,2, 4,5, — 35, 37, 39, — 29, 29/ 1, 2, 3, -13/1,13/8,13/10, 13/12, -7/1, 9/4, 5,6, -5/2,3,4,5, — 1/1, — 13/18, 20, — 15/1,2,3,4 ва кӯчаи Қосимов, 7/1,2,3,4,5, 5/1, 5/4, 5/5 зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки обро барои як шаб захира намоянд.
Лентаи хабарҳо
0