Размоиши нерӯҳои баҳрии ИМА Large Scale Exercise 2021: зӯрашон ба Баҳри Сиёҳ мерасад?

© U.S. NavyЭсминец с управляемым ракетным оружием типа "Арли Берк"
Эсминец с управляемым ракетным оружием типа Арли Берк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Нерӯҳои баҳрии ИМА барои назорати пурраи уқёнусҳо нокифояанд, дар мавриди "тарсонидани" рақибони асосӣ дар Аврупо ва Осиё - нерӯҳои баҳрии Русия ва Чин бо 36 киштӣ ва се дивизияи баҳрӣ кирои гап ҳам нест.
Иёлоти Муттаҳида бузургтарин машқҳои баҳрӣ дар 40 соли охир, Large Scale Exercise 2021- ро рӯзи 3 август оғоз кард, ки аз панҷ иттиҳодияи низомӣ - баҳрӣ (флотҳои фаврӣ), се воҳиди баҳрии Иёлоти Муттаҳида ва 17 минтақаи вақтиро фаро мегиранд. Дар ин машқҳо 25 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ҷалб карда шуданд. Машқҳо то 16 август идома хоҳанд кард.
Мувофиқи иттилои Stars and Stripes, Large Scale Exercise 2021 - (LSE) аввалин машқҳои баҳрӣ ва десантии ИМА дар асри 21 аст, ки аз ҷиҳати миқёсаш бо машқҳои баҳрии Ocean Venture 1981 қиёсшавандаанд.
Дар барномаи размоиш, набардҳои баҳрӣ дар як минтақаи калон, ҷустуҷӯи "душман" дар уқёнус, ошкор ва нобудсозии он, истифодаи шартии силоҳи ҳастаиро дар бар мегирад. Ин бозгашт ба меъёрҳои Ҷанги Сард, намоиши "азми қавӣ ва қобилиятҳои нав", як паём ба Русия ва Чин аст, ки Амрико метавонад дар як вақт дар чанд ҷабҳа мубориза барад. Аниқтараш, "барои ҳалли мушкилот дар Баҳри Сиёҳ, Баҳри Миёназамин, Баҳрҳои ҷанубию шарқии Чин аст, ки талошҳо барои заифсозии нерӯҳои мусаллаҳи Амрикоро ба нестӣ мебарад".
Российско-египетские учения Мост дружбы-2020  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
"Сюрприз" - ҳои флоти Русия барои ИМА ва "шариконаш"
Дар давоми LSE 2021, нерӯҳои баҳрии ИМА бояд чандирӣ будани амалиёти гуногуни баҳрӣ (DMO), экспедитсионӣ (EABO) ва амалиётҳои соҳилиро дар муҳити баҳсӣ (LOCE), инчунин омодагии худро ба муборизаи сатҳи баланд нишон диҳанд. Гумон меравад, ки маллоҳони амрикоӣ (ва хушкигардҳои баҳрӣ, ки қаблан дар Афғонистон лагадкӯб шуда буданд) омодаанд бо як душмани муҷҷаҳҳаз бо силоҳи муосир, ба зарбаҳои яроқи дақиқ муқовимат кунанд.
Стратегҳои амрикоӣ чунин мешуморанд, ки душмани сангине таҳти фармондеҳии ягонаро бо зарбаҳои дақиқ ва ҳамзамон аз ҳаво, хушкӣ, баҳр, кайҳон ва кибернетика нест кардан мумкин аст. Консепсияи навшудаи амалиёти муштараки низомии Нерӯи баҳрӣ "логистикаи баҳсбарангез" (осебпазирии иртиботи нақлиётӣ) -ро ба назар гирифтааст, ки Иёлоти Муттаҳида пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо он дучор нашудааст. Мо татбиқи идеяҳо ва нақшаҳоро бо шавқ тамошо хоҳем кард.

Ривоятҳо ва воқеият

Фармондеҳи Флоти шашуми ИМА, ноиби адмирал Жан Блэк қаблан гуфта буд, ки "LSE фармондеҳони моро дар тамоми бахшҳои амалиёти баҳрӣ, аз тактикӣ то стратегӣ месанҷад, воҳиди хушкигарди баҳриро ба ҳам меорад, то қобилияти флот барои амалиёти ҳамоҳангшуда дар қёнуси кушод ва назди соҳил санҷад".
Ва аммо, коршиносон ба қобилияти флоти амрикоӣ бо 36 киштӣ ва се воҳиди хушкигардҳои баҳрӣ барои дар як вақт пешсаф будан дар баҳрҳои Сиёҳ, Миёназамин, ва Ҷанубу Шарқи Чин шубҳа доранд, дар бораи Уқёнуси Ҷаҳонӣ ҳанӯз сухан намеравад.
Аз ҷиҳати суръат, шумора ва сифати рушд, Нерӯи баҳрии ИМА аз рақибони эҳтимолӣ қафо мондаанд. Имкониятҳои "ҳолливудӣ" - и гурӯҳҳои зарбазани ҳавопаймоҳои амрикоӣ бо муқовимати авиатсия, киштиҳои зериобӣ, системаҳои зиддимушакии соҳилӣ ва системаҳои муассири дифои ҳавоӣ ва зиддимушакӣ барҳам дода мешаванд.
Ба маъуломоти таҳлилгарони ғарбӣ, нерӯҳои Чин ва Русия дар баҳр бартарии рақамии мутлақ доранд - 1380 киштӣ бар зидди 490 киштии амрикоӣ. Аз рӯи шумораи киштиҳо, Нерӯҳои баҳрии ИМА дар ҷаҳон дар ҷои чорум қарор доранд (490 адад) - пас аз флотҳои низомии Чин (777 адад), Федератсияи Русия (603 адад) ва Кореяи шимолӣ (492 адад).
Ба иттилои Пентагон, Нерӯҳои баҳрӣ 297 киштии ҷангӣ доранд, дар ҳоле ки Чин 335 киштии рӯиобии ҷангӣ дорад. Фарқият назаррас аст. Агар мо ҳаҷми умумии нерӯҳои баҳрии Амрикоро баррасӣ кунем, бад нест, аммо бо назардошти мушакҳои дақиқи фаросавтӣ, торпедоҳои пурқувват, системаҳои дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Чин, ба назар чунин мерасад, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва эсминтсҳои мушакӣ ҳадафҳои осон барои шикасти кафолатдор мебошанд. Хотиррасон мекунам, ки Пентагон ракетаҳои фаросадоӣ надорад.
Размоиши LSE 2021 танҳо нерҳои баҳрии ИМА -ро дар бар мегиранд, аммо иттифоқчиён ва шарикон метавонанд дар оянда шомил карда шаванд. Эҳтимол, "пӯшидагӣ"-и манёврҳои амрикоӣ бо кор болои хатогиҳое дахл дорад, ки Пентагон ҳангоми бозии стратегии махфӣ дар моҳи октябри соли 2020 содир карда буд.
Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи муштараки роҳбарони ситодҳо, генерал Ҷон Ҳайтен, бозии тирамоҳӣ ноком шуд, вақте рақиби шартӣ ташаббусро дар фазои иттилоотӣ ба даст гирифт. Пентагон барои фаъолият дар муҳите, ки марказонидашуда нест, омода набуд. Низоъҳои мусаллаҳонаи баландтехнологӣ дар оянда фазои мусоидро кафолат намедиҳанд.

Роҳ ба оянда

Сардори Раёсати амалиёти нерӯҳои баҳрии ИМА, адмирал Майкл Гилдай гуфт, ки машқҳои Large Scale Exercise 2021 имкон медиҳад, ки таҷрибаҳо гузаронда шаванд, дарсҳое барои солҳои оянда омӯхта шаванд. Алгоритми ҷолиб барои омодагӣ ба набардҳои оянда: "Консепсияи пешбурди ҷанг асоси ҳама чизе мешавад, ки мо мехарем, ба чӣ сармоягузорӣ мекунем ва он ба мо хабар медиҳад, ки чӣ тавр мубориза мебарем".
Фармондеҳи Флоти Уқёнуси Ором дар ИМА, адмирал Кристофер Грэйди ният дорад дар давоми машқҳои LSE 2021 "санъат ва илми ҷанги баҳриро рушд диҳад", технологияҳои таҷрибавиро арзёбӣ кунад, қудрати якҷояи якчанд иттиҳодияҳои баҳриро истифода барад - маълумот, силоҳ ва платформаҳо дар муҳитҳои баҳсбарангез дар саросари ҷаҳонро арзёбӣ кунад.
Раиси Кумитаи муштараки роҳбарони ситодҳо генерал Марк Милли рӯзи 2 -юми август гуфт, ки барои омодагӣ ба ҷанг (ки аз рӯи даври таърихӣ ногузир аст), Иёлоти Муттаҳида бояд дар тӯли 10 соли оянда панҷоҳ технологияи нав, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини дорои зеҳни сунъиро аз худ кунад.
Ба ақидаи ман, шумораи изҳороти стратегҳои амрикоӣ аз воқеияти муноқишаи ҷаҳонӣ дур мешаванд. Таҷрибаҳо ва консепсияҳо аз самаранокии омӯзиши ҷангӣ "дар болҳои ҳавоӣ, киштиҳои зериобию рӯиобӣ ва фазои киберӣ" бартар менамояд.
Истребитель Су-35С, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Checkmate зидди F-35: халабон гуфт, дар набард ҷангандаҳои Русия пирӯз мешаванд ё аз ИМА
Маркази тадқиқоти стратегӣ ва байналмилалии Амрико (CSIS) қаблан сабабҳои асосии шикастро дар Афғонистон муайян карда буд: "Дониши кофии таърихи низомӣ вуҷуд надорад, мушкилоти ҷиддии марбут ба тафаккури стратегӣ ҷой доранд".
Ҳамчунин натавонистани "пайвастани ҳадафҳои гузошташуда бо талошҳои лозимии расидан ба он", хоҳиши эҷоди "пойгоҳ бар зидди Русия, Чин ва Эрон", "ғурур аз мақоми як абарқудрат бо бартарии низомӣ" низ зикр шудаанд. Хулоса: Роҳбарони низомии ИМА ва мансабдорони мулкӣ "фоҷиавӣ роҳгум заданд". Ба назар чунин менамояд, ки ин қисса дар уқёнусҳо такрор мешавад. Нақшаҳои глобалии Large Scale Exercise 2021 амалиётҳои муқовимати рақиби эҳтимолӣ - бо аслиҳаи мушакии дақиқро ба назар нагирифтаанд.
Касе фикр мекунад, ки бо дидани гурӯҳи зарбазанони амрикоӣ, нерӯҳои Русия ё Чин бояд аз тарс карахт шаванд ва фавран таслим шаванд. Аммо, бомбафкании моҳи июн дар баробари як эсминетси бритониёвӣ, ки сарҳади Русияро дар наздикии Қрим вайрон мекард, нишон дод, ки дар сурати гузаштан аз "хатти сурх" дар Баҳри сиёҳ чӣ рух хоҳад дод.
Вокуниши ба ҳамин монанд, таҷрибагузарониҳои ҷасуронаи Пентагонро дар баҳрҳои Ҷанубу Шарқи Чин низ вохӯрдан мумкин аст. Нерӯҳои баҳрии Чин аллакай аз нияти анҷоми як қатор машқҳо, аз ҷумла бо истифодаи гурӯҳҳои ҳавопаймоҳо эълон намуданд.
Лентаи хабарҳо
0