Суқути чархбол дар Ванҷ як кушта ва чор захмӣ бар ҷой гузошт

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкВертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото
Вертолет Ми-8 Министерства обороны РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Обуна шудан
Чархбол барои наҷоти ҳафт сайёҳ, ки аз Маскав ба Тоҷикистон омада буданд, парвоз мекард
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Чархболи Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, ки барои наҷоти сайёҳони рус парвоз мекард, дар кӯҳҳои Тоҷикистон суқут кард.
Дар паи ин ҳодисаи нохуш халабон кушта шуда 4 нафари дигар захмӣ гардиданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, чархбол барои наҷоти ҳафт сайёҳ, ки аз Маскав ба Тоҷикистон омада буданд, парвоз кардааст.
Тамос бо гардишгарон, ҳангоми баромадан ба пирях дар ҳудуди дараи Поймазори ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қатъ шудааст.
Чархбол ду тақсим шуд: нақли Шубин дар бораи суқути чархболи МИ-8
"Рӯзи 28 июл, дар баландии беш аз 6 ҳазор метр яке аз сайёҳон зери тарма монд, дигарон аз ин фоҷиа хабар доданду пас аз чанде бо онҳо ҳам тамос қатъ шуд. Созмондиҳандагони сайёҳат аз Маскав, аз Ассосиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ кумак хостанд".
Ҳамин тавр, субҳи 4 август, чархбол ба ҷустуҷӯи ҷаҳонгардон парвоз карду зимни нишаст суқут намуд.
"Бар асари суқути чархбол халабон ҳалок ва чор мусофир маҷруҳ шуданд", - гуфт манбаъ.
Ба гуфти ӯ, феълан наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса рафта, ба захмиён кумак мекунанд ва онҳоро ба ҷои амн интиқол медиҳанд.
Ҳамзамон ҷустуҷӯи сайёҳони бедаракшудаи Русия низ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0