Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Марги дигар: эълони омори гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных с COVID-19 в ЦКБ "РЖД-Медицина"
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Вазорати тандурустӣ бо нашри омори ҷадиди гирифторӣ ва шифо аз коронавирус изҳор доштааст, ки як марги дигар аз ин беморӣ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 76 ҳолати гирифторӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, омадааст дар омори расмӣ, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ нашр намудааст.
Вазорат мегӯяд, теъдоди шифоёфтагон аз гирифторшудаҳо тайи шабонарӯзи гузашта бештар буда, 81 нафар сиҳат шуданд.
Манбаъ афзуд, тайи шабонарӯзи гузашта як ҳолати фавт аз коронавирус сабт шуда, шумораи фавтидагон аз ин беморӣ ҳамоно 122 нафарро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 5 август дар кишвар 15440 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14948 нафар (96,8%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 122 нафар фавтидаанд.
Заглушка для: Коронавирус в Таджикистане: статистика за июнь и июль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус дар Тоҷикистон - омори моҳи июл
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум се намуд ваксин AstraZeneca, Moderna ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала