Ҳарифи сеюми Мирзиёев дар интихоботи президентии Ӯзбекистон дақиқ шуд: 46 - cола, забондон

© Рамиз БахтияровЛидер партии Миллий тикланиш Алишер Кадыров
Лидер партии Миллий тикланиш Алишер Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Ҳизби сиёсии "Милли Тикланиш" аз ширкаташ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 6 август - Sputnik. Анҷумани Ҳизби демократии "Милли Тикланиш" номзадаш Алишер Қодировро барои ширкат дар интихобот баҳри расидан ба курсии президенти Ӯзбекистон пешниҳод кардаас, хабар дода мешавад, дар сафҳаи фейсбукии ҳизб.
Гуфта мешавад, ҳоло маълумот дар бораи довталаб бояд ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод карда шавад.
Мувофиқи моддаи 63 -и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон, барои иштирок дар интихоботи президентии кишвар, як ҳизби сиёсӣ бояд ҳадди аққал ҳафтод рӯз пеш аз интихобот маълумот дар бораи номзади пешбарикардаашро ба КМИ пешниҳод намояд.
"Анҷумани дар бораи ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод намудани маълумоти дахлдор дар бораи номзади президентӣ Ӯзбекистон аз ҳизб Қодиров Алишер Келдиевич қарор қабул кар", - гуфта мешавад дар паём.
Қодиров зодаи Намангон буда, 46 сол дорад.
Соли 1996 Донишгоҳи Эгей (Измир, Туркия), соли 2009 Донишкадаи молияи Тошканд (ғоибона), соли 2011 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хатм кардааст. Ихтисосаш филолог ва иқтисоддон аст.
Номбурда дар мақомҳои баланди давлатӣ таҷрибаи корӣ дошта, ҳоло вакили парлумон аст.
Миллаташ узбек буда, забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ ва инглисиро медонад. Ӯ оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.
Интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ имсол 24 октябр баргузор мешавад. Маъракаи интихобот расман 23 июл оғоз ёфт.
Интихоботи президентӣ дар асоси қонунгузории нави миллии интихобот, аз рӯи принсипи даврӣ дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот мутобиқи Кодекси интихоботи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд
Бар асоси тағирот ба моддаи 117- и Конститутсияи Ӯзбекистон, интихоботи президентӣ бояд рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2021 баргузор мешуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ду ҳизби дигар дар Ӯзбекистон низ номи номзадҳои худро эълон карда буданд. Ҳизби "Экологи"я дар интихобот бо номзадии Нарзулло Обломуродов ва "Адалот" барои пирӯзӣ бо Баҳром Абдуҳалимов рақобат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала